LIVE

Неймар аз барои ҷароҳат то 10 моҳ ба майдон намебарояд

Ҳамлавари мунтахаби Бразилия ва тими саудии «Ал-Ҳилол» Неймар метавонад аз барои ҷароҳати зонуи чап то даҳ моҳ ба майдон набарояд. Дар ин бора O Globo менависад.
Тибқи иттилоъи сарчашма бозигари бразилӣ дар шаҳри Белу‑Оризонтии Бразилия ҷарроҳӣ мешавад. Инро худи Неймар хостор шуд, зеро мехоҳад, ки ҷарроҳиро духтури мунтахаби миллии Бразилия Родриго Ласмар гузаронад. Амалиёти ҷарроҳӣ аллакай ба нақша гирифта шудааст, вале духтурон то ҳол розигии ниҳоии роҳбарияти «Ал‑Ҳилол»-ро интизоранд. Бошгоҳи саудӣ нияти гузаронидани ҷарроҳии бозигарро дар шаҳри Париж ба нақша гирифта буд, аммо Неймар исрор намуд, ки ӯро худи Ласмар ҷарроҳӣ намояд. Пештар ин муттахассис ба футболбоз вақти ҷароҳатҳои дигари мухталиф дар соли 2018 ва баҳори имсол кумак карда буд.
Ёдрас мекунем, ки Неймар дар бозии марҳилаи интихобии ҶҶ‑2026 бо Уругвай (0:2) ҷароҳат бардошт. Мӯҳлати интизории барқароршавии бозигари 31‑сола метавонад то даҳ моҳро ташкил диҳад. Ҳамин тариқ, эҳтимолияти бузург вуҷуд дорад, ки Неймар метавонад мавсими ҷорӣ дигар ба майдон набарояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив