LIVE

Неймар ба дастаи аввалияаш бармегардад

Бозигари дастаи саудии “Ал-Ҳилол” Неймар эҳтимолан ба сафи “Сантос”-и кишвари Бразилия бармегардад. Дар ин бора нашрияи Diario Do Peixe хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ бошгоҳи бразилӣ розӣ шудааст, ки Неймари 32-соларо барои шаш моҳ ба иҷора бигирад. То анҷоми ин муддат шартномаи ӯ бо “Ал-Ҳилол” ба охир мерасад. Омили ҳалкунанда мавқеи Неймар буд, ки сарфи назар аз таваҷҷӯҳи тими MLS “Чикаго Файр” мехост ба бошгоҳи аввалияи худ гузарад.  
Ёдовар мешавем, ки Неймар то соли 2013 дар сафи “Сантос” бозӣ карда, баъдан ба “Барселона”-и каталонӣ гузариш анҷом дода буд.
Мавсими ҷорӣ Неймар дар ҳайати “Ал-Ҳилол” ду бозӣ анҷом дод, вале ба задани гол даст наёфт. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt  арзиши бозории футболбози маъруфи бразилӣ 15 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив