LIVE

Неймар ба «Барселона» бармегардад

Ҳамлавари «Ал-Ҳилол» Неймар аз тими хеш хостор шудааст то ӯро ба иҷора ба «Барселона» равон намоянд. Дар ин бора Sport.es мерасонад.
Бино ба маълумоти манбаъ бозигари бразилӣ мехоҳад, ки як сол дар иҷора дар тими испанӣ гузаронад ва ин қарор ҳам ба хотири барқароршавӣ аз ҷароҳати зону бароварда шудааст. Қайд карда мешавад, ки бошгоҳҳо то ҳол дар мавриди гузариши футболбоз ягон гуфтушунид  нагузаронидаанд.
Ёдовар мешавем, ки «Ал-Ҳилол» 29 бозии паиҳамро бо пирӯзӣ ҷамъбаст намуда, дар чемпионати Арабистони Саудӣ бо 68 хол дар зинаи аввал аст..
Мавсими ҷорӣ Неймар дар панҷ бозӣ ба майдон омада, бо як голу се парфтоти гол аз майдон берун  шудааст. Бештари вақти мавсимро футболбози бразилӣ ба хотири ҷароҳат берун аз майдон гузаронид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив