LIVE

«Ал-Ҳилол» расман аз рафтани Неймар хабар дод

Бошгоҳи саудии "Ал-Ҳилол" оиди аз сафи хеш рафтани бозигари мунитахаби Бразилия  Неймар эълон намуд. Ҷонибҳо бо розигии тарафайн шартномаро қатъ карданд.
“Бошгоҳи “Ал-Ҳилол” ва Неймар ба мувофиқа расиданд, ки бо ризоияти тарафайн шартномаи ҳамкориро бекор кунанд. Ташаккур ба шумо ва барори кор, Неймар” , - навишта шудааст дар саҳифаи расмии бошгоҳ дар шабакаи иҷтимоии X.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Неймар метавонад фаъолияти варзишии худро дар "Сантос" идома диҳад, кдар тиме, ки ӯ то соли 2013   бозӣ мекард ва баъдан ба "Барселона" гузариш анҷом дода буд.
Мавсими ҷорӣ Неймар дар ҳайати “Ал-Ҳилол” дар ҳама мусобиқаҳо ду бозӣ анҷом дод, ҳеҷ омори муассире ба номаш навишта накард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив