LIVE

Неймар фаъолияти варзишии хешро дар "Сантос" идома медиҳад

Тавре рӯзноманигор Фабрисио Романо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, бозгашти Неймар ба “Сантос” акнун ногузир аст, зеро байни тарафҳо тавофуқи шифоҳӣ ҳосил шудааст. Ҳафтаи оянда қадамҳои расмӣ барои анҷоми созиш бо “Ал-Ҳилол” ва баррасии ҳуҷҷатҳо идома хоҳанд ёфт.
Ёдовар мешавем, ки бозигари бразилӣ то соли 2013 дар "Сантос" бозӣ карда, баъдан ба “Барселона”-и каталонӣ гузариш анҷом дода буд.
Мавсими ҷорӣ Неймар дар ҳайати “Ал-Ҳилол” ду бозӣ анҷом дод, вале ба задани гол даст наёфта буд. Шартномаи кории футболбоз бо тими феълияш то 30 июни соли 2025 мӯҳлат дошта, бо имкони тамдидкунӣ ба як соли дигар пешбинӣ шудааст. Тибқи иттилои сомонаи Transfermarkt арзиши бозории ин футболбози 32-сола 15 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив