Бозигари бразилии тими саудии “Ал-Ҳилол” Неймар мехоҳад бар ивази пули муайян шартномаи корияшро қатъ намояд. Дар ин бора Globo Esporte хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ шудани шартнома, футболбоз ҳоло ҳам мехоҳад 65 миллион доллар бигирад. Ин маблағ ба ӯ ҳамчун маош то анҷоми созишнома, ки то тобистони соли 2025 ҳисоб карда шудааст, тааллуқ дорад.
Қаблан дар бораи хоҳиши баргардонидани Неймар ба бошгоҳи зодгоҳаш «Сантос» хабар дода шуда буд, ҷое, ки ӯ фаъолияти футболбозии хешро оғоз кардааст.
Мавсими ҷорӣ Неймар дар ҳайати “Ал-Ҳилол” дар ҳама мусобиқаҳо ду бозӣ анҷом дод, ягон амали натиҷабахш ба омор нагирифтааст. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 15 миллион евро аст.
