LIVE

«Барселона» аз харидории Неймар даст кашидааст

Ҳамлавари "Ал-Ҳилол"  Неймар эҳтимолан дигарбора бозигари "Барселона" шавад. Дар ин бора рӯзноманигор Виктор Наварро дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
Тибқи маълумоти сарчашмаи номбурда ҳафтаи ахир ба ҷониби  «блаугранас» имзокунии шартнома бо бозигари бразилиро фаъолона пешниҳод менамуданд. Роҳбарияти бошгоҳи каталонӣ бошад аз баргардонидани бозигаре, ки чаҳор сол дар ин даста буд, худдорӣ кард.
Мавсими ҷорӣ Неймар дар ҳайати “Ал-Ҳилол” дар ҳама мусобиқаҳо ҳамагӣ ду бозӣ анҷом дод, ҳеҷ амали натиҷабахше ба омор нагирифт. Шартномаи меҳнатии футболбози мазкур бо дастаи феълияш то 30 июни соли 2025 баста шуда, бо имкони тамдиди як соли дигар пешбинӣ шудааст. Тибқи иттилои сомонаи интернетии Transfermarkt арзиши бозории Неймари 32-сола 15 миллион евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив