LIVE

Ямал ва Педри нисбати Флик чӣ талаботҳо доранд?

Бозигарони калидии бошгоҳи "Барселона" Педри ва Ламин Ямал бо як хоҳише ба сармураббии дастаи хеш Ханс-Дитер Флик муроҷиат кардаанд, дар ин бора El Nacional хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ситораҳои “нилунориҳо” аз ситоди мураббиён хостаанд, ки Ферран Торреси испаниро ба ҳайати асосӣ гузаронанд, нафаре, ки дар ин мавсим бештари бозиҳоро аз сафи эҳтиётӣ оғоз мекунад.
Сарфи назар аз он, ки Торрес аксар вақт ҳамчун ивазкунанда баромад мекунад, вай ӯ голзани асосии даста аст. Мавсими ҷорӣ ӯ дар 35 бозӣ ширкат варзида, муаллифи 16 гол шудааст.
«Барселона» дар зинаи аввали ҷадвали чемпионати Испания қарор гирифта, зердастони Ханс-Дитер Флик аз 30 вохурй 67 хол ба даст оварданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив