LIVE

Арзиши сармураббии нави эҳтимолии "Тоттенхэм" маълум шуд

Сармураббии испании «Борнмут» Андони Ираола метавонад ба ҷои Ангелос Постекоглу ба вазифаи сармураббигии «Тоттенхэм» таъин шавад. Бино ба навиштаи New York Times, "Тоттенхэм" мутахассиси испаниро ҳадафи аслии худ дар тобистон муайян кардааст, аммо барои имзои қарордод бо ӯ бояд ба "Борнмут" 12 миллион евро ҷуброн пардохт кунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар радифи даъвати Ираола ҳамчунин дар рӯйхати кӯтоҳи «Тоттенҳэм» Томас Фрэнк аз “Брентфорд”  ва Марко Силва аз “Фулҳэм” вуҷуд доранд. Хабар дода мешавад, ки Андони Ираола дар сурати гирифтани даъвати “Реал Мадрид” худаш метавонад пешниҳоди “Тоттенхэм”-ро рад кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив