LIVE

«ПСЖ» ба Ламин Ямал шартномаи рекордӣ пешниҳод кардааст

Бошгоҳи футболи «Пари Сен-Жермен»-и фаронсавӣ ба футболбози 17-солаи «Барселона» ва бозигари канории мунтахаби Испания Ламин Ямал фишор меорад то бо «блаугранас» шартномаи нав имзо накунад. Дар ин бора нашрияи испании El Nacional хабар додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, нақшаи “парижиҳо” дар он аст, ки ба Ламин шартҳои молии монанд ба намояндаи “Реал Мадрид” Килиан Мбапперо барояш пешниҳод кунад. Бошгоҳи фаронсавӣ омода аст, ки бозигари ҷавони испаниро аз рӯи ин нишондод нафари рекордгузори  бошгоҳӣ гардонад.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Ямал баъди расидан ба синни 18-сола шартномаашро бо «Барселона» бо шартҳои беҳтаршуда тамдид мекунад.
Шартномаи кори Ямали 17-сола бо «Барселона» то тобистони соли 2026 амал мекунад. Бозигари боистеъдоди испанӣ ин мавсим 38 бозӣ дар ҳайати “блаугранас” гузаронида, 13 гол ва 17 партофти головар дар номаш дорад. Бино ба тахминҳои сомонаи Transfermarkt  арзиши футболбози испанӣ 180 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив