LIVE

Ҷузъиёти осеби Ламин Ямали 17-сола маълум гардид

Бозигари канории «Барселона» Ламин Ямал дар бозии даври 17-уми Чемпионати Испания бо «Леганес» (0:1) ҷароҳат бардошт.
Испания - Примера. Даври 17-ум
16 декабри соли 2024, душанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Барселона” (Барселона) 0 : 1 “Леганес” (Леганес)
0:1 Гонсалес – 4'
Бино ба гузориши Mundo Deportivo тибқи ташхиси тиббӣ бозигар пез буҷулаки пой ҷароҳат бардошта,  ширкати ӯ дар бозӣ бо “Атлетико Мадрид” зери шубҳа аст. Имрӯз футболбоз бояд аз чанд санҷиши дигар гузарад.
Мавсими ҷорӣ Ямали 17-сола дар ҳайати “Барселона” дар ҳама мусобиқаҳо 21 бозӣ анҷом дода, муаллиф 6 гол ва 12 партофти головар мебошад. Мӯҳлати шартномаи ӯ бо бошгоҳ то тобистони соли  2026 амал мекунад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 150 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив