LIVE

Андрес Инйеста ба Ламин Ямал маслиҳат дод

Собиқ нимҳимоятгари тими “Барселона” ва мунтахаби Испания Андрес Инйеста ба бозигари канории 17-солаи бошгоҳи каталонӣ Ламин Ямал маслиҳат дод.
"Бо вуҷуди чунин муҳит Ямал бояд дар роҳи дуруст ҳаракат кунад. Ӯ 17-сола аст, ҳама чиз дар пеш аст ва ҳоло бояд бо  кулли ҳисси озодӣ барояш дар майдон танҳо аз футбол лаззат бурдан зарур меояд», - иқтибос меорад “Барса Универсал” аз суханони Инйеста.
Ямал мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Барселона” дар тамоми мусобиқаҳо 11 бозӣ анҷом дода,  5 гол ва 5 партофти головар дар номаш дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt  арзиши бозории ин футболбоз 150 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив