LIVE

Лионел Месси — беҳтарин бозигари «Барселона» тибқи фарзияи FourFourTwo

Нашрияи маъруфи FourFourTwo раддабандии беҳтарин бозигарони «Барселона»-ро дар таърих мунташир кард.
Зинаи аввалро ҳамлавари аргентинӣ Лионел Месси ишғол намуда дар зинаи дуюм Хави қарор дорад. Шомили сегонаи беҳтаринҳо бошад Андрес Инйеста гардид.  
Топ-10 раддабандӣ чунин тавр аст:
1. Лионел Месси.
2. Хави.
3. Андрес Инйеста.
4. Йохан Круифф.
5. Роналдинйо.
6. Диего Марадона.
7. Самуэл Это′О.
8. Роналд Куман.
9. Сесар Родригес.
10. Микаэл Лаудруп.
Ёдрас мекунем, ки Месси дар сафи «Барселона» 778 бозӣ гузаронида, ба задани 672 гол ва ирсоли 228 партофти головар даст ёфтааст. Дар сафи тими каталонӣ ӯ ғолиби 10 ҷоизаҳои миллӣ, чор ҷоизаи Лигаи чемпионҳо ва ҳафт «Тӯби тиллоӣ» шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив