Нимҳимоягари ҳуҷумкори бошгоҳи "Барселона" ва мунтахаби Ламин Ямал аз ҷониби Китоби рекордҳои Гиннес сертификатҳо дарёфт кард.
Ёдовар мешавем, ки Ямал ҷавонтарин бозигари иштирокчӣ дар марҳилаи ниҳоии Чемпионати Аврупо ва инчунин ҷавонтарин муаллифи гол ва партофти голӣ дар Евро-2024 гардид. Ӯ дар бозии ниманиҳоӣ зидди тими миллии Фаронса (2:1) муаллифи гол шуда буд.
Мавсими гузашта ин футболбози 17-сола дар 50 бозии тамоми мусобиқот ширкат карда, муаллифи 7 гол ва 9 партофти головар шудааст. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 120 миллион евро аст.