LIVE

Ламин Ямал дастоварди Мессиро такрор кард

Бозигари канории «Барселона» Ламин Ямал дастоварди ҳамлагари аргентинӣ Лионел Мессиро, ки даҳ сол қабл гузошта шуда буд, такрор кард.
Ямал пас аз ҳамагӣ 10 даври Чемпионати Испания аллакай шаш партофти голӣ дорад – ҳеҷ як бозигари дастаи “Барселона” аз замони Лионел Месси дар мавсими 2014/2015 ба чунин омор нарасидааст. Бозигари аргентинӣ бошад дар 10 бозии нахустинаш 7 ассист анҷом дода буд.
Дастпарвари дастаи “Барселона” Ламин Ямал соли 2023 дар синни 15 солу 9 моҳагӣ дар ҳайати дастаи "блауграна" аввалин бозиро анҷом дод. Моҳи сентябри соли 2023, дар синни 16 солагӣ ва як моҳагии хеш футболбоз аввалин бозии худро дар тими миллии Испания анҷом дод ва бо тими мунтахаб  тобистони соли 2024 қаҳрамони Аврупо шуд. Пойгоҳи таҳлилии Transfermarkt арзиши феълии  нимҳимоятгари 17-солаи “Барселона” Ламин Ямалро 150 миллион евро арзёбӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив