Ҳамлагари 17-солаи бошгоҳи каталонии «Барселона» Ламин Ямал ҷавонтарин футболбоз дар таърихи Лигаи Чемпионҳои УЕФА гардид, ки панҷ ирсоли голӣ дар номаш дорад. Рекорди қаблӣ ба ҳамлагари англис Тео Уолкотт тааллуқ дошт, ки он вақт ӯ 19-сола буд.
Дар тӯли фаъолияти худ Ямал дар 19 бозии Лигаи Чемпионҳо ширкат карда, дар онҳо 3 гол ва 5 партофти головар кардааст.
Мавсими ҷорӣ Ямали 17-сола дар ҳайати “Барселона” дар ҳама мусобиқаҳо 37 бозӣ анҷом дода, 12 гол ва 17 партофти головар дар номаш дорад. Мӯҳлати шартномаи феълии бозигар бо дастааш то соли 2026 мебошад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбози испанӣ 180 миллион евроро ташкил медиҳад.