LIVE

Александр-Арнолд дар финали Ҷоми лигаи Англия иштирок намекунад

Дифоъгари канории "Ливерпул" Трент Александр-Арнолд рӯзи 16-уми март зидди "Нюкасл" дар бозии Ҷоми лигаи Англия ба майдон баромада наметавонад. Дар ин бора Daily Mail хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ ин бозигар ҳангоми бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бо ПСЖ, ки бо пирӯзии тими шаҳри Париж бо ҳисоби 1:0 (пеналтӣ 4:1) анҷом ёфт, аз пояш осеб дидааст. Қайд карда мешавад, ки осеби ҷиддӣ вуҷуд надорад, ва умедворанд, ки Александр-Арнолд дар мавсими имсола дубора бозӣ кунад.
Трентро дар бозии дарпешистода бо «Нюкасл» ҳимоятгари дигари «Ливерпул» Ҷаред Куанса иваз мекунад.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи футболбози англис бо “Ливерпул” дар охири моҳи июни соли ҷорӣ ба охир мерасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив