LIVE

“Ливерпул” бозигари асосиашро аз даст дод

Футболбози 22-солаи англис Трент Александр-Арнолд бинобар ҷароҳате,  ки дар бозии даври 8-уми Премйер Лигаи Англия бо “Манчестер Сити” (1: 1) бардошт, то чор ҳафта ба майдон баромада наметавонад. Дар он бозӣ Александр-Арнолдро дар дақиқаи 63-юм нимҳимоятгари дигари “Ливерпул” - Ҷеймс Милнер иваз кард.  Ҳамин тариқ ҳимоятгари ин тими футбол дар муқобили дастаҳои «Лестер», «Аталанта», «Брайтон», «Аякс», «Вулверҳэмптон» ва «Мидтюлланд» ба майдон баромада наметавонад. Ин футболбози 22-сола инчунин бозиҳои дӯстонаи Англияро бо тимҳои миллии Ирландия ва инчунин ду бозии Лигаи Миллатҳоро бо Белгия ва Исландияро низ аз даст медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив