“Бавария”-и Мюнхен бо нимҳимоятгари дастааш Ҷошуа Киммих дар бораи шартномаи нав ба созиши шифоҳӣ расидааст, хабар медиҳад инсайдери маъруф Флориан Плеттенберг дар шабакаи иҷтимоии X. Ба гуфтаи манбаъ созишномаи нав миёни ҷонибҳо то соли 2029 эътибор дорад.
Қайд мешавад, ки Киммих имкони гузариш ба “ПСЖ”-ро баррасӣ карда буд, аммо таваҷҷӯҳи асосии футболбози олмонӣ ба бастани шартномаи нав бо тим аз шаҳри Мюнхен нигаронида шуда буд. Интизор меравад, ки Йозуа ба зудӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро имзо кунад.
Дар мавсими ҷорӣ дар Бундеслигаи Олмон Ҷошуа Киммихи 30-сола 23 бозӣ анҷом дода, як гол ва 6 партофти головар дар номаш дорад. Нимҳимоятгар инчунин дар Лигаи Чемпионҳо 11 бозӣ ва 5 ассист дорад.