Нимҳимоягари бошгоҳи "Бавария" ва мунтахаби Олмон Ҷошуа Киммих эҳтимолан ба сафи "Реал" мепайвандад. Дар ин бора рӯзноманигор Флориан Плеттенберг дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти “Лос-Бланкос” вазъро нисбати ин бозигар дар “Бавария” бодиққат назорат мекунад ва омода аст ба тими олмонӣ шартнома пешниҳод кунад. “Реал Мадрид” бовар дорад, ки бозигар метавонад ивазкунандаи нимҳимоятгари собиқи дастаи мадрид Тони Кроос шавад, нафаре, ки моҳи июли соли ҷорӣ ба нафақа баромада буд.
Қаблан маълум шуда буд, ки "Бавария" мунтазири тасмими Киммих оиди тамдидкунии шартнома дар моҳи январ аст. Шартномаи феълии нимҳимоятгари номбурда бо бошгоҳи мюнхенӣ то охири мавсими ҷорӣ амал мекунад.