LIVE

Ҷошуа Киммих сарвони ҷадиди тими миллии Олмон

Нимҳимоятгари дастаи «Бавария»-и Мюнхен Ҷошуа Киммих капитани нави тими миллии футболи Олмон таъин шуд. Сармураббии тими миллӣ Юлиан Нагелсманн тасмими худро рӯзи душанбе - 2 сентябр дар пойгоҳи Ҳерзогенаурах эълон кард.
«Ҷошуа яке аз се капитани Чемпионати Аврупо буд, аз ин рӯ мантиқӣ аст, ки ӯ номзади рақами як ба ҷои Илкай Гундоган бошад ва боқӣ мемонад.
Вай барои тамоми коллектив ибрат аст, хамеша тамоми қувваашро медихад, ҳамеша машқ кардан мехоҳад. Дар Евро, ӯ стандарти навро барои бозӣ ба ҳайси ҳимоятгари рост муқаррар кард», - Ба Eurosport иброз кард Нагелсманн.
Киммихи 29-сола барои нахустин бор 7 сентябр дар бозии Лигаи Миллатҳо бо Маҷористон дар Дюсселдорф капитани даста мешавад. Вай пештар ба сифати ёрдамчии капитан ҳунарнамоӣ мекард.
Муовинони Киммих Антонио Рюдигер ва Кай Хаверц хоҳанд буд. Илова бар ин, ба шӯрои нави даста Ҷонатан Та, Паскал Грос, Никлас Фюллкруг ва Марк-Андре тер Штеген шомиланд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив