Дарвозабони бошгоҳи “Барселона” ва тими миллии Олмон Марк-Андре тер Штеген дар бораи тарки ҳайати мунтахаби Олмон намудани дарвозабони дастаи “Бавария” ва қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2014 Мануэл Нойер ҳарф зад.
"Барои корнамоии муваффақона дар тими миллии Олмон туро табрик мекунам. Ту ҳамеша қаҳрамони ҷаҳон ва дарвозабони афсонавии футболи Олмон хоҳӣ монд! – навиштааст Тер Штеген дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ.
Бояд қайд кард, ки муддати тӯлонӣ байни Нойер ва тер Штеген дар ҳайати тими миллӣ аз сабаби он ки мураббиён бозигари «Бавария»-ро рақами якум интихоб кардаанд, ихтилофҳо вуҷуд дошт.
Ёдовар мешавем, ки Мануэл Нойер дарвозабони асосии тими миллии кишвар буд. Дарвозабони 38-сола дар ҳайати тими миллии Олмон 124 бозӣ анҷом дода, дар соли 2009 дар тими миллии кишвар аввалин маротиба баромад карда буд.