Дарвозабони дастаи «Барселона» Марк-Андре тер Штеген фаворит барои гирифтани дастбанди капитани аст. Дар ин бора AS хабар медиҳад.
Дарвозабони олмонӣ на танҳо ба далели таъсираш ба даста, балки барои он ки ӯ бо сармураббии нав Ҳанс-Дитер Флик монеаи забонӣ нахоҳад дошт, номзади асосии сарвони бошгоҳ маҳсуб мешавад.
Интизор меравад, ки Френки де Йонг ва Роналд Араухо ноиби капитанҳо боқӣ монанд. Ба онҳо боз як бозигар ҳамроҳ мешавад, ки номаш ҳанӯз муайян нашудааст. Номзадҳои асосӣ Роберт Левандовски ва Педри мебошанд.