LIVE

23 бозӣ мешавад, ки “Ливерпул” дар ПЛА шикастнопазир аст

Бозии даври 26-уми Премйер-Лигаи Англия миёни дастаҳои “Манчестер Сити” ва “Ливерпул” ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи “Иттиҳод”-и шаҳри Манчестер баргузор шуд. Энтони Тейлор ҳамчун довари асосии вохӯрӣ баромад кард. “Ливерпул” бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯзӣ ба даст овард.

Дар дақиқаи 14-ум Муҳаммад Салоҳ аз ҳайати “Ливерпул” бо паси Доминик Собослаи ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 38-ум Собослаи бо паси головари Салоҳ ҳисобро дуболо намуд.

Ҳамин тариқ, “Ливерпул” дар Премйер-Лигаи Англия 23 бозӣ мешавад, ки шикастнопазир аст. Бори охир дастаи Арне Слот рӯзи 14-уми сентябри соли 2024 дар дидор бо “Ноттингем Форест” (0:1) мағлуб шуда буд. Бояд гуфт, ки ин ягона бохти "мерсисайдиҳо" дар мавсими имсолаи Премйер-Лига аст. Ҳоло “Ливерпул” дар ҳисоби 19 ғалаба , 7 мусовӣ ва 1 бохт дорад.

Дар ҷадвали мусобиқа “Ливерпул” бо 64 имтиёз пешсаф аст. “Манчестер Сити” бо 44 имтиёз дар зинаи чаҳорум мебошад. Шогирдони Гвардиола дар 25 бозии доир карда, 13 ғалаба, 5 мусовӣ ва 8 бохт доранд. Бозии ояндаи “Ливерпул” рӯзи 26-уми феврал муқобили “Нюкасл” аст. “Манчестер Сити” рӯзи 27-уми феврал дар Лондон бо “Тоттенҳэм” бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив