“Ливерпул” дар бозии мавқуфмондаи даври 15-уми Премйер-Лигаи Англия бо дастаи “Эвертон” бозӣ кард. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Гудисон Парк” –и шаҳри Ливерпул баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом ёфт. Ин охирин дербии “мерсисайдҳо” дар ин варзишгоҳ аст, ки ба зудӣ хароб карда мешавад.
Бето дар дақиқаи 11-ум ҳисобро ба фоидаи “Эвертон” боз кард. Пас аз 5 дақиқа Алексис МакАллистер аз паси головари Муҳаммад Салоҳ ҳисобро баробар намуд.
Дар дақиқаи 78-ум Муҳаммад Салоҳ гол зад ва “Ливерпул”-ро дар ҳисоб ба пеш баровард. Ҷеймс Тарковски дар дақиқаи 90+8-уми бозӣ аз ҳайати “Эвертон” гол зада, дастаашро аз бохт наҷот дод.
Қобили зикр аст, ки дар дақиқаи 12-уми вақти иловагӣ довар пас аз ҷанҷолӣ бозигарон ба Абдулай Дукуре аз ҳайати “Эвертон” ва Кёртис Ҷонс аз ҳайати “Ливерпул” корти сурх нишон дод. Сармураббии “Ливерпул” Арне Слотт низ бо корти сурх ҷазо дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки “Ливерпул” бо 57 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа аст. “Эвертон” зери роҳнамоии мутахассиси нав ва куҳансолтарин мураббӣ дар мавсими имсола Премйер-Лига Дэвид Мойес натиҷаҳоро беҳтар карда, ҳоло бо 27 имтиёз дар зинаи 15-ум маскан гирифтааст.