LIVE

Дар бозии "Эвертон" ва "Ливерпул" VAR ғалаба кард

"Эвертон" ва "Ливерпул" дидори худро бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 хатм намуданд. Аллакай дар дақиқаи 3-юм Садио Мане аз фурсати худ истифода бурда, ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 6-ум дарвозабони "Эвертон" Ҷордан Пикфорд бо Вирҷил ван Дайк бархурд кард ва дифоъгар дар дақиқаи 11-ум майдонро тарк намуд. Дар дақиқаи 19-ум Майкл Кин ҳисобро баробар кард. Дар қисми дуюм “Ливерпул” дубора пешсаф шуд. Дар дақиқаи 72-юм Муҳаммад Салоҳ ба дарвозаи Пикфорд зарбаи ҳадафрас анҷом дод. Дар дақиқаи 81-ум Доминик Калверт-Левин голи навбатии худро зад ва ҳисобро боз ҳам мусовӣ кард. Дар дақиқаи 90-ум Ричарлисон корти сурх  гирифт. Дар дақиқаи 92-ум Ҷордан Ҳендерсон гол зад, аммо довар бо кӯмаки VAR ин голро бекор кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив