LIVE

Анъанаи арзишманд чорумин мавсим паиҳам Баварияро шарманда кард.

Ин аллакай анъана аст:  «Гладбах»  «Бавария»-ро дар даври аввал шикаст дод ва ин кор чорумин мавсими паиҳам сурат гирифт.   

Бозӣ аз 0:2 ба 3:2 табдил ёфт. 




Шоми ҷумъа ба ҳамагон бозии диданибоберо тақдим намуд ва инҷо дар Менхенгладбах «Боруссия»-и маҳаллӣ   «Бавария»-ро  (3:2) шикаст дод. Ба шарофати ин лозим шуд,ки яке аз ҷолибтарин   камбэкҳои мавсимӣ анҷом дода шавад.
• «Бавария»  тезкорона  2:0 пешсаф шуд. Нахуст дар дақиқаи 20-ум  Левандовски аз пеналти гол зад.
Роберт  аз 20-умин голаш  дар чемпионат ҷашн гирифт,ки ин чашмрастарин дар топ панҷ чемпионатҳои аврупоӣ ба ҳисоб меравад.  Наздиктарин нафаре,ки бо голҳояш ба  Роберт  баробарӣ мекунад,  Роналду буда,  14 гол дар омор дорад.
Пас аз гузора шудани шаш дақиқа голу дуввумро бо як зарбае Леон Горетска вориди дарвозаи ҳариф намуд. 
• Ба назар мерасид,ки   «Боруссия» роҳи наҷот надорад: дастае,ки дар ҳашт бозии ахир танҳо  ду пирӯзӣ дорад ва яке аз ғалабаҳо  дар бозии Ҷом бар муқобили  «Элферсберг» ва дуюмин пирӯзӣ бар дастаи навкори Бундеслига  БЛ «Арминия» мебошад. Ҳатто голи нахусти   Йонас   Хофманн, ки аз миёни ҳимоягарони   «Бавария» гузашт, аслан чизеро кафолат надод.
• Аммо пас аз 10 дақиқа Хоффман голу дуввум зад  (ва боз ҳам аз партофти  Штиндл  имкониятҳои ба таври сунъӣ офсайд сохтани  Никлас Зюле бо нокомӣ анҷом ёфт).
Дар оғози қисмати дуввум бошад аз назди хати майдончаи ҷаримавӣ зарбаи зебоеро ба кунҷи дарвоза  Флориан Нойхаус ворид карду ҳисобро 3:2 намуд!
• Бо ҳамин ба 20 бозии бебохти   «Бавария» нуқта гузошта шуд. Мюнхениҳо се моҳ боз аз санаи  27-уми сентябр (замоне,ки «Хоффенхайм» 4:1 онҳоро сар куфта буд) набохта буданд.  
• Ҳамчунин «Бавария» нахустин маротиб аз  моҳи  феврали соли 2011  дар Бундеслига пас аз пештозии  2:0 дар ҳисоб дучори бохт нашуда буд.
• Нойер бошад 10 бозӣ паиҳам дар чемпионат гол сар медиҳад ва ин ҳам бори нахустин дар маснади варзишӣ.  Мюнхениҳо аслан мушкили чашмрасе дар хати ҳимоя доранд: дар 15 давр аллакай   24 гол сар додаанд  (чунин омор 4 дастаи дигар доранд) ва аз ин бештар танҳо    «Хоффенхайм», «Майнс» ва «Шальке»-и бечора дорад.




• «Боруссия» бошад  таърихан ҳарифи ноқулай барои «Бавария» мебошад. Мюнхениҳо 22 бохт дар  53 бозиҳо дошта, танҳо 13  пирӯзии сафарӣ дар  Менхенгладбах ба даст овардаанд. 
• Ҳамчунин «Боруссия» чорумин бор паиҳам   дар бозии даври аввали чемпионат   бар  «Бавария» пирӯз мешавад.  Ҳисобҳо бошанд чунин буданд: 2:1, 3:0, 2:1 ва акнун 3:2. Дар бозии ҷавобии даври дуввум бошад ҳама вақт «Бавария» пирӯз мешавад. 
«Мо хушнудем, рақобат мушкил буд. Фикр намекунам,ки бисёриҳо интизор набуданд,ки мо ин корро мекунем, аммо ду голи аввали худро тавре задем,ки мо дар нақша дошта будем, – гуфтааст муаллифи ду голи бозӣ Хофманн баъди анҷоми рақобат. – Мо бароямон аз фурсатҳои нахуст корро мушкил кардем, аммо хеле олӣ буд,ки мо пас аз таннафус дар ҳисоб пеш баромад тавонистем».




Ханси Флик бошад даъват аз он намуд,ки зиёд хавотир нашаванд: «Гладбах» хеле манфиатбахш амал кард, онҳо аз се иштибоҳамон истифода намуда, се гол заданд. 30 дақиқаи аввал мо пештози бозӣ будем ва дар ахири кор иштибоҳҳои кучаке натиҷаи бозиро ҳал карданд.   Мо ҳисобро баробар карда натавонистем, аммо ин қисмати бозӣ аст ва  хавотиркунанда буда, баъзан чунин мешавад».
Боруссия М – Бавария 3:2 (2:2, 1:0)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив