LIVE

Эллардайс боз ҳам тими Клоппро боздошт, ҳарчанд,ки «Вест Бром»-и ӯ дар нимаи аввал аз Хендерсон ҳам камтар партофт намуд.

Чӣ қадар мураббии олӣ аст Сэми бузург!



Ба назар мерасид,ки бозии «Ливерпул» ва  «Вест Бромвич» (ва боз ҳам дар худи «Энфилд») умуман барои мерсисайдиҳо мушкилот ба миён намеоварад. Онҳо аз даврони ҷароҳатҳои зиёд ва паёмадҳои коронавирус  берун шуданд ва метавонистанд,ки ҳайати умедбахшеро ба майдон меоварданд  (ҳатто ҷуфти бозигарони эҳтиётии таҷрибадоре ҳам дар ихтиёр доранд) ва пас аз бохти   2:7 аз «Астон Вилла» дар чемпионат дучори бохт нашуда буданд. Дар майдони худӣ бошад дар ҳамин мавсими ПЛА ин тим умуман хол аз даст надодааст.
Замоне,ки  «Ливерпул» аз фурсатҳои нахуст тӯбро дар ихтиёр гирифт   (нигоҳдошти тӯб дар нимаи аввал аслан   82% бар 19%-ро ташкил медод) ва сипас дар дақиқаи 12-ум ба задани гол даст ёфт. Маҳз ҳамин ҷо эҳтимол мерафт,ки   «Вест Бром»дар ин бозӣ ба чизе қодир нахоҳад буд.   Ёдрас мекунем, ки  «ВБА» ба  «Энфилд» баҳри бозии дуюми  Сэм  Эллардайс омад (дар бозии нахуст ӯ  0:3 дар майдони худӣ шикаст хурда буд) ва дар минтақаи ҳазфӣ ҳам қарор дошт.
•‎ Дар қисмати аввал «Вест Бром» ба куллагӣ  48 партофти дақиқ анҷом – ду бозингари  «Ливерпул»  бошад ба омори бештар аз ин мушарраф шуданд   (Ҷордан  Хендерсон  – 85, Кертис Джонс  – 49).
•‎ «Ливерпул» дар нимаи аввали бозӣ   10 маротиб зарба ба дарвозаи ҳариф равона кард (дохили чорчӯба – 1), меҳмонон бошанд танҳо як зарба заданд (ва он ҳам умуман ба чорчӯбаи дарвоза наздик набуд). 
•‎ Аммо пас аз таннафус аслан   «Вест Бром» -и дигарӣ вориди майдон шуд. Дар   20 дақиқаи нахусти нимаи дуввуми бозӣ онҳо се маротиб зарба ба дарвоза равон намуданд (ду маротиба вориди чорчӯба), дар ҳоле,ки  «Ливерпул» танҳо ду маротиба зарба зад   (ва ҳеҷ маротиб ба чорчӯба нарасонд).
Чунин ҳол  Юргена Клоппро андаке асабонӣ намуд – олмонӣ ҳатто ба хотири нишон додани эҳсосотҳои ниҳоят баланд нисбати  Кевин Френд корти зард ҳам гирифт.



•‎ Пас аз ҷароҳати   Жоэл Матип  (камерунӣ  аз мушаки пой лат бардошту ҳамоно ивазшавиро талаб намуд) «Ливерпул» умуман бозияшро гум кард – албатта,ки назорати тӯб ҳам дар дасти мизбонон монд, аммо ҳолатҳои голзанӣ танҳо аз тими «ВБА» пайдо мешуданд.
Дар натиҷа пас аз тӯби кунҷии ғайриҳатмӣ ҳимоягар  Семи Аҷайи (дастпарвари «Арсенал»)  аз Фабинйо баландтар ҷаҳид (андаке қоидавайронкунӣ ҳам кард, аммо довар қарор кард,ки кулли чиз дар доираи қоида аст) тӯбро ба пояи дарвоза ҳаво дод, ки он аз назди  Алиссон вориди дарвоза шуд.



•‎  «Ливерпул» пас аз ин танҳо як ҳолти голзанӣ дошт – Фирмино дар дақиқаи  90-ум пас аз ирсол тӯбро  ба кунҷи муқобил равон намуд,  аммо  Ҷонстон бо як ҷаҳиши диданӣ тӯбро аз  воридшавӣ ба дарвоза наҷот дод. Дар дақиқаҳои иловагӣ сурхҳо  ҳеҷ коре карда натавонистанду ҳисоб ҳамоно   – 1:1 монд.
• «Фикр намекунам,ки интизор надоштам,ки дастае чун  «Вест Бромвич» дар қисмати аввал аз рӯи нақшаи   6-4 ва ё ки чизе ба мисли ҳамин бозӣ намуд, – андешаронӣ намуд Клопп пас аз бозӣ. – Дар қисмати дуввум мо албатта ба мисоли қисмати аввал бозӣ накардем, онҳо бошанд се аксулҳуҷум доштанд ва тӯбҳои кунҷии зиёде. Ин гуноҳи мо аст ва аз ин рӯ бар ивази се хол мо як хол ба даст овардем. Рости гап «Вест Бромвич» кори худро дар  90 дақиқа дуруст анҷом дод. Онҳо арзандаи хол шуданд, чаро ки мо болояшон фишор оварда натавонистем. Умуман ҳамагон медонанд   ва мефаҳманд,ки мо бояд бозии беҳтар аз бозии бегоҳии имрӯза мекардем».
• Сэм Эллардайс баръакс розӣ буд. «Мо бо беҳтарин дастаи ПЛА хуб баробарӣ кардем.  Сэм Ҷонстонро дар бозӣ ба истиснои як сейв надида будам ва ин нишон медиҳад,ки чӣ тавр хуб бар муқобили ҳариф мубориза бурдем. Гуфтаанд,ки корамон омад кард, аммо бозингарон устокорона бозӣ намуданд  ва аз имконият  назди дарвозаи ҳариф хуб истифода намуданд».
•   Сэми бузург бар муқобили Клопп ва бар муқобили   «Ливерпул »дар «Энфилд» омори ҷолибе дорад. Бар муқобили ин олмонӣ англисии таҷрибадор ҳеҷ  боре ҳангоми  чор бозии сафарӣ бо дастаҳои мухталиф набохтааст  (ва боре ҳам аз   29% зиёд тӯбдорӣ накардааст). Аслан дар ҳамин сол   танҳо  «ВБА» ва «Бернли» бар муқобили «Ливерпул»  (дар доираи  ПЛА) дар варзишгоҳаш набохтаанд.
Дар  масири се сол ахир аз ҳамон давроне,ки мураббӣ Эллардайс дар  «Энфилд» 5 хол гирифт (ин умуман бештар аз онест,ки  топ-6 дастаҳо аз сурхҳо хол  гирифтаанд).  Бо вуҷуди ин Эллардайс  як сол ҳам кор накардааст!

Ливерпул – Вест Бромвич 1:1 (1:0, 0:1)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив