LIVE

Муноқишаи оммавӣ дар футболи Ҳолланд

Дар тамринотҳои бозии пеш аз даврии ин ҳафта миёни футболбозони “Витесс” муноқишае дар миён хест,ки аз худ паёмадҳои ногувореро барҷой гузошт.  Муноқиша аслан  миёни ҳамлавари бошгоҳи футболи  “Витесс” Ҷей-Рой Грот ва  нимҳимоятгари худи ҳамин даста Ришедли Базур сар зада, ба як ҷанҷоли даставие табдил ёфт. Дар натиҷаи сар задани муноқишаи гуруҳӣ сармураббии дастаи “Витесс” Леонид Слутскийро лозим омад,ки Ришедли Базурро аз тамринот пеш аз муҳлат ҷавоб диҳад. Маҳз ҳамин амали Слутский ба Базур хуш наомада, ин бозингар вақти тарк намудани тамринҳо нисбати мураббии худ суханҳои қабеҳро раво донист. Маҳз пас аз чунин вокуниш роҳбарияти дастаи “Витесс” нимҳимоятгар Ришедли Базурро аз иштирок дар бозиҳои баъдӣ маҳрум намуд.
Лозим ба ёдоварист,ки дар бозии сипаришудаи Ередивизие дастаи “Витесс” дар майдони худ бо ҳисоби 0:2 бар Адо ден Хааг,ки айни ҳол дар зинаҳои поёнии ҷадвал қарор дорад, дучори бохт шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив