LIVE

“Челси” дар финали Боку дучори шикаст мешавад. Чаро?

Ба қавле "соз"  нагирифтани бозингарони «Челси» бо ҳам ва муҳити носозгори дохилӣ метавонад,ки омили бохти «кабудҳо» дар финали Боку бигардад. Бо пеш овардани ин фарзия бояд илова зикр намуд,ки Маурисио Сарри аз ҷанҷоли Давид Луис бо Гонсало Игуаин вақти тамринҳои даставӣ дар ғазаб шуда бо изҳори норозигии хос ва намоиши эътироз тамринҳои даставии «ашрофзодаҳо"-ро  бармаҳал  тарк   намудааст.
 Дар тамрингоҳи «кабудҳо» вобаста ба ҳамин ҷанҷоли ду бозингар метавон гуфт,ки атмосфераи созгор ва сулҳофар вуҷуд надорад ва ҳамин чиз метавонад,ки сабабҳои аслии бохти эҳтимолии ин тимро дар финали Лигаи Аврупо ба миён оварад.
Аз ҷониби дигар бо вуҷуди ин руйдоди нохуш аз лиҳози  равонӣ барои  коллективи «кабудҳо» мушкили асосии ғолиб шудани «Челси» дар финали имшаба ин худи Унаи Эмери мебошад. Маҳз ҳамин мутахассиси испанӣ вобаста ба таҷрибаи хоси пирӯзиҳояш дар ин мусобиқот медонад, ки чӣ тавр  дар финали Лигаи Аврупо ғолиб баромаду бо кадом тарз метавон англисҳоро  маҳруми ҷоиза намуд,ҳарчанд ки худ айни ҳол тамриндиҳандаи дастаи лондонист.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив