LIVE

7-манфиатбахштарин зиракиҳои хоси футболӣ

Ворид намудани тӯб тариқи пушти рақиб ба бозӣ, истифодаи дасти рақиб дар майдони футбол бар нафъи худ ва муҷозотшавии қасдона аз зумраи амалҳои зираконаи футболиянд,ки бозингарон дар масири таърих аз истифодаи чунин зиракиҳо манфиатҳои бузурге ба даст овардаанд.

1.Ворид намудани туб тариқи пушти ҳариф
Кам нафароне медонанд,ки ворид намудани тӯб ба бозӣ аз канори майдон тариқи партофт ба бадани ҳариф вайронкунии қоида ба ҳисоб намеравад. Аз ҳисоби пай набурдани ҳариф аз истифодаи чунин зиракии хос нафари партофткунанда эҳтимолан ба назди тӯб тезтар мерасад.

2. Расиши назарногир Нафари иҷрокунандаи зарбаи кунҷӣ тубро каме ҳаракат дода тавре рафтор мекунад,ки гӯё барои иҷроиши зарбаи кунҷӣ ба ҳамдастааш иҷоза медиҳад. Ҳамдастаи ин бозингар бошад бе ягон саросемагӣ ба назди кунҷи майдон омада, бидуни иҷроиши партофт бо  тӯб ба самти дарвоза мешитобад. Маҳз  ҳамин усулро Спаллетти дар “Рома” ва “Зенит” сари кор гирифта буд. Голи Роналду,.ки тариқи ҳамин усул ба иҷро расонида  шуда буд,  иштибоҳан ҳисоб карда нашуд.

3.Партофт аз зарбаи пеналти
Иҷроиши зарбаи 11 метра тариқи ирсол  намудани тӯб ба ҳамдастаи дигар ин қоидаситезӣ нест. Муҳим он аст,ки вақти иҷроиши партофт аз нуқтаи пеналтӣ ҳангоми расиш ба тӯб ба монанди Робер Пирес иштибоҳ накунӣ.

4. Истифодаи дасти ҳариф ба манфиати худ дар майдон.
Дар вақти рақобатҳои инфиродӣ баҳри туб бозингарон метавонанд дасти ҳарифро гирифта, бо истифодаи он дар рӯяшон зарба зананд. Ин найрангбозӣ аз ҳама боварнокарданист дар миёни ҳамаи зиракиҳои ҷойдошта. Аҷиб он аст,ки чаро то ҳол Неймар ва дигар ҳунармандони машҳури футболӣ чунин зиракиҳоро истифода накардаанд. 

5. Бозибадаршавии қасдона
Соли 2010 дар бозии Лигаи Қаҳрамонҳо миёни «Аякс» – «Реал» Жозе Моуринйо аз Хаби Алонсо ва Рамос хоҳиш кард,ки дар бозӣ корти зарди дуввумиро бигиранд,то бо гирифтани корти сурх   дар бозии охирини марҳилаи гуруҳӣ бар зидди “Осер” иштирок накунанд. Дар сурати муқобил эҳтимол мерафт,ки ин ду бозингари асосӣ дар бозии аввали 1/8 ниҳоӣ иштирок намекарданд. 

6. Зарба аз таги деворчаи сунъӣ
Бештари ҳолатҳо вақти иҷроиши зарбаҳои ҷаримавӣ бозигарони дар девори сунъӣ қароргирифта ру ба ҷаҳиш меоранд. Аз рӯи хоҳиш  аз чунин амали бозингари деворчаи сунъӣиҷрокунадагони зарбаи ҷаримавӣ ба таври пурра метавон истифода намоянд. Роналдинйои машҳур бошад тариқи зарба аз таги девораи сунъӣ се маротиб гол ба самар расонидааст.

7. Тозакунии аломатҳои  хоси мавқеи ҷаримавӣ
Ин усули зираконаи хос амали навакак аз ҷониби Давид Луис мавриди истифода қарордодашуда мебошад,замоне ки Давид Луис ҳангоми бозии “Челси” аломати тасвиркардаи доварро дар мавқеи ҷаримавӣ тоза карда буд. Голзанӣ аз ҳамон нуқтаи ҷаримавӣ ба ҳарифони “Челси” имкон наомад,вале ин усули нави зиракӣ дар олами футбол ба ёдгор монд. Агар аз истифодаи чунин усул бозингарони дигар ҳам истифода кунанд ва тӯбро ба масофаи 15 см ба самти марказ таъғири мавқеъ намоянд, дар мавриди дигарӣ низ бо тоза намудани аломати нишонкунии мавқеи қоидавайронкунӣ метавон ба 30 см-и дигар ҳам ҷои иҷроиши зарбаи ҷаримавиро таъғири мавқеъ кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив