LIVE

Стошичро дар кишвараш напазируфтанд...

15-уми марти соли 1994 дар шаҳри Белгради Сербия дар хонаводаи Деян ва Саня Стошич нахусттифлак дида ба дунё боз кард. Номашро ниҳоданд Никола. Бо гузораи соле, Худованд ба онҳо ҳадяи бебаҳои дигаре ато кард, гулдухтарак Катарина. Падари хонадон дар аҳду овони шабоб ба гандбол машғул буду ҳамсараш бону Саня дар теннис ба муваффаиқтяҳои назаррасу чашгир даст меёфт медом. Бо ҳамин далелу дастаки кофӣ метавон эшонро ба сифати як оилаи варзишгарон унвон бурд, чаро ки чун ҷигарбандонашон тайтай попо шуданду раҳравон, аз ҳамон ғоту замон эшонро низ ба варзиш гароянда карданд. Николаи хурдсол ҳамвора назди майдончаҳои хонашон ба бозии футбол мароқу муҳаббатвор машғул мешуду рӯзҳоро саргардони даву тоз сар меовард. Ҳамин тариқ дар қалби кӯчаки Николаи наврас завқу шавқу ҳаваси дуболо ба футбол пайдо шуд, ки дигар варо ба ҳиҷ ваҷҳ ба дигар пеша дилгармаш кардан ба касе даст намедод. Волидонаш хулоса карданд, ки ӯро бояд ба ягон мактаби футболӣ супуранд. 
Соли 2011 дар ҳаёти варзишии Никола ба чанд чиҳат хотироти наку набудааст. Ӯ дар ҳайати мунтахаби милии наврасони 17 солаи кишвараш дар Чемпинати Аврупо як раҳ бар муқобили мунтахаби наврасони Дания ҳунарнамоӣ кард. Натиҷаи ин дидор бо ҳисоби 2-3 бар сӯди ҳарифони онҳо хотима ёфт ва шояд ҳамин бохти ғайримунтазир боис бар он шуд, ки Никола дигар ба мақому мартабаи қалбияш бозпас нагашт. Машқу тамринҳои нахуст дар ҳайати наврсони дастаи “Црвена Звезда” ё “Ситораи сурх” мудому ба марому муназзам идома меёфту Никола аз мураббиёни корозмуда сабақи футбол мемӯхт. Ба ҷиҳати маҳорати волову истеъдоди модарзодӣ, ӯро аз нахуст фурсатҳо ба сифати дарвозабони даста интихоб карда буданд ва сар аз ҳамон сол мавқеи ӯ дар майдон ва олами футбол барои ҳамешагӣ муайян гардид. Никола дар ҳайати бошгоҳи “Ситораи сурх”-и Белгарди то доди 17 согалӣ фаъолияти футболӣ бурду дар аксар мусобиқаҳои муҳими кишвараш ба дастовардҳои арзанда ноил шуд. Баъди мушоҳидаи бад-ин шева бозиву ҳунарнамояш, ӯро ба ҳайати асосии бошгоҳи мазкур фиристоданд. Аммо ғайричашмдошту интизор кору бораш дар ин даста ба тамом ба ранги дигар гирифт ва Николаи талшани футбол маҷбур шуд, “Ситораи сурх” – ро тарк гӯяд. Акдак-андаку оҳиставу ба маром мисле, ки гули орзуҳои андсолаи Николаи ҷавон, ки аз доди 5 солагӣ дар қалбаш мепарварид, паҷмурда мешуданд, чаро ки ӯро ба ҳайати асосии дастаи аҳди бачагияш напазируфтанд ва ҳамин тариқ Никола талошу такопуву ҷустуҷӯи бештар мекард барои мақому мартаба пайдо карданаш дар дастаи нав, яъне тими “Рад” – и зодбумаш Белград. Ҳарчанд ӯ тибқи шартномаи расмӣ ба ин бошгоҳ ба муҳлати 3 сол гузариш намуду дар оғоз ҳама чиз хубу бар манфиат ҷараён дошт, аммо дар ҳолати аҷз монда буд ва ӯро ба дастаи Б ё ҳайати дуюм равон карданд. Бо гузораи солҳо Никола мисле, ки дигар дар меҳанаш аз футбол ҳиҷ оромиш наёфту рӯзи беҳ надиду бахту барор ҳам аҳ ба рӯяш нахандид. Ҳамвора, овора, саргарсону дар ба дари бошгоҳҳо мегашт ва ниҳоят ба якбора ба масал лотореяи иқболаш дар қисматаш Лигаи чоруми кишварашро рақам заду маҷбураш кард, то чанд фурсате дар ҳамин сатҳи поёнӣ майдондорӣ кунад, оир, ӯ аз футбол ҳиҷ дилканданӣ надошту тарки пешаву пайраҳа низ кардан намеёрист. Дар ин даврон, ки ту гуфтӣ, Худо ба доди садои дардноки дили як дилдодаву фирефтаи футбол расиду дигар мисле гулистони умеду армонҳои деринаву андсолааш ба шеваи дигар шукуфтанд доштанд, ки ба бахту иқболи буландашу тақдиру қисмати садрангаш, Никола Кавазович воре мураббии кордону роздони ришта, ба ҳамномаш Николаи навхостаи футбол пешниҳоди хубу арзанда кард дар нисбати ҳоли ҳамон ҳину ҳангоминаи ӯ. Рафтан ба кишвари офтобиву биҳиштгунаи Тоҷикистон. Албатта, Нкола, ки дигар илоҷу бӯйи умеде надошт аз сӯйи дигар, бо ҷону дил пешниҳоди мазкурро қабул фармуд, чаро ки аз Лигаи чорум дида, садбор Лигаи олӣ беҳу болотар бувад.    
Ҳамин  тариқ соли 2013 Никола Стошич ба Тоҷикистон омаду ба бошгоҳи маъруфи “Истиқлол” – и Душанбе пайваст. Вале, дар ин миён масъалаи нозукеро ҳам пешорӯи қаҳрамони барнома баҳри хулосагириву ибрози ақида вогузоштем. Яъне муҳимияти мантиқу муҳтавои масоили мазкур он бувад, ки дар Аврупо мудом футбол аз маҳбубияту вижагиҳои хоса бархӯрдор аст ва дар қиёс ба қораи Осиё, дар ун манотиқ ин риштаи варзиши ҷаҳонӣ ба ҳар ҷиҳат рушдкарда мебошад, аммо чаро Никола Стошич дар футбол Аврупо мақому мартаба пайдо накарду иҷборан ба Тоҷиктсон, ба масал ба футболи камрушдкардаи Осиё омад? Посухи фишурда аз ҷониби Стошич ин аст. Кишвари дигар, ҷову макони бегона, одамони наву ношинос, забони ғайр, дурии ёру диёр, пазмонии падару модар, умуман ҳеҷ чиз барош ошно набуд. Фақат майдонро медонисту тӯбу дифои дарвоза ва дар навбати аввал ҳаминҳо буданд баҳраш муҳиму зарурӣ, то намояд худу ҳунарашро ба манзури мардуми тоҷик муаррифӣ, ки аз як гӯшаи дури кишвари Апрупоӣ, ба сифати легионер дар дили Тоҷикистон кунад ҳунарнамоӣ.   
Ҳамин тариқу тартиб Стошич дар ҳайати тими “Истиқлол” дар фурсату фосилаи камтарини вақт аз худ ба ҳайси як дарвозабони пурмаҳорату сайқалдидаву таҷрибасуфдаи арсаҳои мухталифи футболӣ дарак доду як қатор ҷоизаҳои баландноми мусобиқаҳои муҳиму муҳташами мамлакатро бо ҳайати ҳамдастаҳош ба номаш ихтисос дод, ки дар ин феҳрист метавон чанде аз онҳоро номбар намуд. Минҷумла солҳои 2014, 2015, 2016, 2017 ва 2018 Қаҳрамони Тоҷикистон, солҳои 2013, 2014, 2015, 2016 ва 2018 барандаи Ҷоми Тоҷикистон, солҳои 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 ғолиби Шоҳҷоми Тоҷикистон гардидааст. Солҳои 2015 ва 2017 дастаи “Истиқлол” финалисти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дониста мешавад, ки дар ин ҳайат ва то бад-ин мақому мартаба роҳ ёфтани тими мазкур саҳми Никола Стошич чун дарвозабони чира чашмгир будааст. Соли 2015 “Истиқлол” дар финали ин мусобиқот аз дасти ҳарифи хеш тими “Ҷоҳор”-и Малайзия бо ҳисоби 1-0 мувоҷеҳи шикаст шуд. Соли 2017 бошад дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё “Истиқлол” бо дастаи “Ал-Қува”-и Ироқ рақобат кард, рақобат карду бо ҳисоби 1-0 бой дод ва аз унвони қаҳрамонӣ бенасиб монд. Вале дар ин дидор, Стошич навонист силсилазарбаҳои ҷаримавии дастаи рақибро баргардонад. Ҳамчунин соли 2015 барои саҳми боризаш дар рушди футболи мавсими кишвар, ба Никола Стошич чун разми қадрдонӣ унвони беҳтарин дарвозабони Тоҷикистон тақдим карда шуд.         
Ба иқрори Аловиддин Буриев, омадани Стошич ба “Истиқлол” бар манфиату пешрафти кор буд, чаро ки барои Алишер Тӯйчиев то ҷое ба танҳоӣ дифои дарвозаи ҳам “Истиқлол” ва ҳам мунтахаби кишвар душвор уфтод. 
Соли 2016 Никола Стошич шаҳодатномаи шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб шуд ва ин муждаи барош мубораку рӯзи муниру нек боис шуд, то ӯ ҳамсарашро, ки аз овони наврасӣ, аз айёми мактабхонӣ дӯсташ медошт, аз кишвари Сербия ба ватани мо овард. Имрӯз дар фазои Тоҷикистони обозу озод Стошич бо зану фарзандаш зиндагии осуда дорад ва аз бахту толеъаш меболад. Соле, ки Стошич ба ҳайси шаҳрванди Тоҷикистон пазируфта шуд, мувофиқи хулосаву назари некбинонаи мутахассисону мураббиён, бояд ба узвияти мунтахаби милии кишвари мо шомил мешуд. Вале, тибқи қоидаи ҷории ФИФА, бояд муҳлати қабули шаҳрвандии Стошич дар Тоҷикистон 5 солро ба таркиб медошт, фақат дар он сурат ҳаққи ширкат дар бозиҳои мунтахаби кишвари моро ба даст меовард. Аммо дар ин асно ба иқрори коршиносони соҳа, агар Стошич дар радифи “Истиқлол” дарвозаи мунтахаби Тоҷикистонро низ дифоъ мекард, кор ба тамом ранги дигар мегирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив