LIVE

Голи Жоау Феликс “Милан”-ро ба даври ниманиҳоии Ҷоми Италия баровард

Бозии даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Италия, ки дар он дастаҳои «Милан» ва «Рома» вохӯрданд,  дар варзишгоҳи «Сан-Сиро» (Ҷузеппе Меатза)-и Милан (Италия)   бо ҳисоби 3:1 ба нафъи мизбонон хотима ёфт.
Ҷоми Италия. 1/4 финалӣ
06 феврали соли 2025, чоршанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Милан” (Милан) 3:1 “Рома” (Рим)
1:0 Абрахаам – 17'     2:0 Абрахаам – 43'     2:1 Довбик – 55'     3:1 Феликс – 70'
Дар дақиқаи 16-ум ҳамлагар Тэмми Абрахам «Милан»-ро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 42-юм ин ҳамлавари англис аз голи дуюми хеш истибол гирифт.  Дар дақиқаи 55-ум Артём Довбик ҳамлагари «Рома» як голи ҷавобӣ зад. Дар дақиқаи 72-юм бошад Жоау Феликси португалӣ, ки нахустин бозии худро бо пироҳани “Милан” анҷом дод, ба дарвозаи меҳмонон голи сеюмро ба ҳадаф расонид.
Дар мусобиқоти гузашта дастаҳои “Милан” ва “Рома” бадаври чорякфиналӣ роҳ ёфта буданд. «Россонери» аз «Аталанта» (1:2) ва римиҳо дар дерби аз «Латсио» машлуб шуда буданд (0:1).
Ғолиби феълии Ҷоми Италия тими “Ювентус”-и Турин аст, ки дар финали соли гузашта бар “Аталанта” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голи ягонаро дар ин дидор ҳамлагари сербӣ Душан Влахович ба самар расонид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив