Мағлубият аз «Кристал Пэлас» панҷумин бохти хонагии «Манчестер Юнайтед» дар Премер-лигаи Англия таҳти роҳбарии Рубен Аморим гардид.
Англия - Премьер-лига. Даври 24-ум
02 феврали соли 2025, якшанбе. 19:00 бо вақти Душанбе
“Манчестер Юнайтед” (Манчестер) 0 : 2 “Кристал Палас” (Лондон)
0:1 Матета – 64' 0:2 Матета – 89'
Ин ҳолати дар ҳафтумин бозии ПЛА дар Олд Траффорд барои ин тим таҳти роҳбарии португалӣ рух дод, ки чун бадтарин нишондиҳанда дар таърихи бошгоҳ аст, хабар медиҳад Opta.
Дастаи Дэвид Мойес дар бозии панҷуми худ дар Чемпионати Англия дар бозии 14-ум, Эрик тен Ҳаг дар рақобати 28-ум, Луи ван Гал дар вохӯрии 30-ум, Оле Гуннар Сулшер дар дидори 31-ум ва Алекс Фергюсон дар набарди 88-ум шикаст хӯрда буданд.
Вақти мураббигии Жозе Моуринйо ва Ралф Рангник бошад «Манчестер Юнайтед» дар ПЛА 5 маротиба дар майдони хеш мағлуб нашуда буд.
Пас аз 24 бозӣ, «Манчестер Юнайтед» бо 29 имтиёз дар зинаи 13-уми ҷадвали Премер-Лигаи Англия қарор дорад.