LIVE

Рубен Аморим бохти бузурги «Манчестер Юнайтед»-ро шарҳ дод

Сармураббии «Манчестер Юнайтед» Рубен Аморим дар бораи шикасти дастааш дар бозии даври 17-уми Премер-лигаи Англия аз «Борнмут» изҳори назар кард. Вохӯрӣ бо шикасти “девони сурх” бо ҳисоби 0:3 анҷом ёфт.
Англия - Премер-лигаи Англия. Даври 17-ум
22 декабри соли 2024, якшанбе. 19:00 бо вақти Душанбе
“Манчестер Юнайтед” (Манчестер) 0 : 3 “Борнмут” (Борнмут)
0:1 Хёйсен - 29' 0:2 Клюйверт - 61' 0:3 Семенйо - 63'
"Масъулияти ман – тамрин додани даста аст. Албатта, ки мо мехоҳем беҳтар шавем. Акнун ҳама чиз мураккабтар аст. Барои дастае мисли “Манчестер Юнайтед” мағлуб шудан дар майдони худ бо ҳисоби 0:3 барои ҳама душвор аст.   Албатта, ки мухлисон хеле ноумед ҳастанд ва аз мағлубиятҳо хаста шудаанд”, - иқтибос овардааст ESPN аз суханони Аморим.
Ёдовар мешавем, ки Рубен Аморим рӯзи 11-уми ноябр вазифаи сармураббигии дастаи “Манчестер Юнайтед”-ро ба ӯҳда гирифт. Аз он вақт инҷониб даста дар чор вохурй галаба карда, як бозиро мусовӣ ва чор бо бохт ҷамъбаст кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив