Бошгоҳи “РБ Лейпсиг” дар сомонаи расмии худ оиди гузариши нимҳимоятгари 21-сола Хави Симонс аз “ПСЖ” хабар дод.
Шартномаи футболбози ҳолландӣ бо “буллз” то 30-юми июни соли 2027 мӯҳлат дорад. Симонс тобистони соли 2023 ба дастаи олмонӣ ба иҷора дода шуда, мӯҳлати иҷоравии ӯ тобистони соли гузашта тамдид карда шуд.
Қаблан дар расонаҳо маълумоте пайдо шуда буд, ки “РБ Лейпсиг” Симонсро ба маблағи 50 миллион евро бо иловаи иловапулиҳо даст овардааст, ки ба туфайли он маблағи интиқол метавонад то 80 миллион евро афзоиш ёбад.
Мавсими ҷорӣ Симонс дар ҳайати "буллз" дар тамоми мусобиқаҳо 17 бозӣ карда, ба задани 5 гол ва ирсоли 4 партофти головар даст ёфтааст. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории ин футболбоз 80 миллион евро аст.