LIVE

Шартҳои қарордоди шахсии Кварасхелия бо “ПСЖ” маълум шуданд

Бозигари канории "Наполи"  Хвича Кварасхелия эҳтимолан сафи дастаи неаполитаниро тарк мекунад.
Ба гуфтаи рӯзноманигор Фабрисио Романо дар шабакаҳои иҷтимоӣ  созишнома  байни "Наполи" ва "ПСЖ" мувофиқа карда шуда, маблағи интиқоли бозигар 70 миллион евро ҷамъи иловапулиҳо хоҳад буд. Футболбози гурҷӣ бошад тибқи шартномаи шахсӣ дар давоми панҷ сол  маоши на камтар аз 8 миллион евро дар як сол ба даст меорад.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Кваратсхелия розӣ шудааст, ки ба “ПСЖ” гузариш анҷом диҳад ва чанд пешниҳоди дигари фоидаоварро рад кард. Маоши ӯ дар бошгоҳи фаронсавӣ метавонад дар муқоиса бо шартномаи феълӣ дар Италия панҷ маротиба афзоиш ёбад. Шартномаи феълии футболбоз бо «Наполи» то тобистони соли 2027 амал мекунад.
Мавсими ҷорӣ футболбози 23-солаи гурҷӣ дар ҳайати дастааш  18 бозӣ анҷом дода, муаллифи 5 гол ва 3 партофти головар шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив