Бозигари гурҷии бошгоҳи "Наполи" Хвича Кваратсхелия миёнаи ин ҳафта метавонад ба сафи тими фаронсавии "Пари Сен-Жермен" гузариш анҷом диҳад. Дар ин бора рӯзноманигори L'Équipe Лоиқ Танзӣ хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, имрӯз бояд дар музокирот дастаҳои итолиёвӣ ва фаронсавӣ ҳалкунанда бошад. Зимнан зикр мегардад, ки дар сурати пурра ба тавофуқ расидани ҷонибҳо, ин гурҷӣ метавонад рӯзҳои чаҳоршанбе ё панҷшанбе (15-16 январ) барои муоинаи тиббӣ ба шаҳри Париж сафар намояд.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Кваратсхелия розӣ шудааст, ки ба “ПСЖ” гузариш намояд ва ба ин хотир чанд пешниҳоди дигари фоидаоварро рад кард. Маоши ӯ дар бошгоҳи фаронсавӣ метавонад дар муқоиса бо шартномаи феълӣ дар Италия панҷ маротиба афзоиш ёбад. Шартномаи феълии футболбоз бо «Наполи» бошад то тобистони соли 2027 мӯҳлат дорад.
Мавсими ҷорӣ ин футболбози 23-солаи гурҷӣ дар ҳайати дастаааш 18 бозӣ анҷом дода, муаллифи 5 гол ва 3 партофти голӣ шудааст.