LIVE

“ПСЖ” дигарбора нисбати Хвича Кварасхелия мароқ зоҳир кардааст

Бошгоҳи фаронсавии «ПСЖ» нисбати бозигари канории «Наполи»  Хвича Кварасхелияи 23-сола дигарбора таваҷҷӯҳ кардааст. Дар ин бора La Gazzetta dello Sport хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ сармураббии бошгоҳи парижӣ Луис Энрике мухлиси ашаддии футболбози гурҷӣ аст ва дар ӯ як бозигареро мебинад, ки тавони мутаҳкамкунии қаноти чапи ҳамлаи дастаро дорад. Ҳамзамон «Наполи» ният дорад, ки Кваратсхелияро дар бошгоҳ нигоҳ дорад, аммо айни замон дар тамдиди шартномаи ҳамлагар мушкилот вуҷуд дорад, зеро тарафҳо атрофи ҳаҷми маоши корӣ ба мувофиқа расида наметавонанд.
Мавсими ҷорӣ Кварасхелия 14 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо гузаронида, панҷ гол ва 2 партофти головар дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбози гурҷӣ 80 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив