Бошгоҳи олмонии "Бавария" нисбати бозигари ҳамлавари “Манчестер Юнайтед” Маркус Рэшфорд мароқ зоҳир кардааст. Дар ин бора TEAMtalk хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ ҷониби футболбози англис дар баробари бошгоҳи мюнхенӣ ҳамчунин “ПСЖ” ва “Марсел” низ диққат кардаанд.
Мавсими ҷорӣ ҳамлагари 26-сола дар 13 бозӣ ширкат карда, муаллифи 4 гол ва 3 партофти головар шудааст. Мӯҳлати шартнмоаи футболбоз бо “доевони сурх” то соли 2028 амал мекунад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 60 миллион евро аст.