Футболбози бошгоҳи “Челси”-и Лондон Бенҷамен Чилуэлл метавонад фаъолияти варзишии худро дар “Наполи”-и итолиёвӣ идома диҳад, хабар медиҳад нашрияи бритониёии The Sun.
Ба иттилои манбаъ Чилуэлл метавонад ба то охири мавсими 2024/2025 метавонад тариқи иҷора ба «Наполи» биояд. Ҳамзамон нисбати Бенжамин «Фулхэм», «Кристал Пэлас» ва «Ипсвич» мароқ зоҳир кардаанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки сармураббии «Челси» Энсо Мареска нисбати Чилуэл таваҷҷӯҳ надорад.
Мӯҳлати шартномаи ин футболбоз бошад то соли 2027 мебошад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории Чилуэлл 28 миллион евро аст.
