LIVE

"Манчестер Юнайтед" бар ивази 30+5 миллион евро бозигари нав харид

Патрик Доргуи 20-сола аз сафи “Лечче” бар ивази 35 миллион евро ба “Манчестер Юнайтед” гузариш анҷом медиҳад, ки аз он 30 миллион евро маблағи муқарраршуда ва 5 миллион еврои дигар ҳамчун иловпулиҳо муқаррар шудааст. Дар ин бора рӯзноманигор ва хабаррасон Фабрисио Романо дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бошгоҳҳо ба созиши шифоҳӣ расидаанд. Дар давоми 24 соати оянда ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ин гузариш тафтиш карда мешаванд. Доргу қаблан оиди имзокунии шартномаи дарозмуддат бо "Манчестер Юнайтед" ба мувофиқа расида буд.
Мавсими ҷорӣ Доргу дар 22 бозии дар тамоми мусобиқаҳо иштирок карда, ба задани 3 гол ва ирсоли 1 партофти головар даст ёфтааст. Мӯҳлати  шартномаи ин бозигар бо тими итолиявӣ то соли 2029 амал мекунад. Сомонаи Transfermarkt нархи Доргуро 20 миллион евро  муқаррар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив