LIVE

Ҳамватани Муҳаммад Салоҳ ба "Манчестер Сити" меравад

Бошгоҳи «Манчестер Сити» аллакай ҳамлавари 25-солаи «Айнтрахт»-и  Франкфурт Омар Мармушро ба сафи хеш ҳамроҳ мекунад. Дар ин бора рӯзноманигор Фабрисио Романо дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи инглисӣ бо футболбози мисрӣ оиди нуқтаҳои асосии шартномаи панҷсола ба мувофиқа расидааст.
Мавсими имсола ҳамлагари мисрӣ  25 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо гузаронида,   19 гол ва 12 партофти головар дар номаш дорад. Мӯҳлати шартномаи футбол бо олмониҳо то соли 2027 мебошад. Арзиши тахминии Мармуш бошад тибқи фарзияи сомонаи Transfermarkt  60 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив