Нимҳимоятгари ҳуҷумкори 21-солаи “ПСЖ” ва тими миллии Нидерланд Хави Симонс мавсими 2024/2025-ро низ бидуни ҳуқуқи харидорӣ дар сафи “РБ Лейпсиг” тариқи иҷора мегузаронад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти тими фаронсавӣ.
"Пари Сен-Жермен” ба Хави дар “РБ Лейпсиг” як мавсими хубро таманно дорад" - гуфта мешавад дар изҳороти сомонаи бошгоҳи фаронсавӣ.
Мавсими гузашта Симонс низ тариқи иҷора дар ҳайати “Лейпсиг” бозӣ намуда, дар 43 бозӣ 10 голу 15 партофти головар ба номаш навишта карда буд. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории ин футболбоз 80 миллион евро мебошад.
