LIVE

Президенти «Сантос» оиди бозгашти Неймар эълон намуд

Президенти "Сантос" Марсело Тейшейра дар саҳифаи иҷтимоии худ навори видеоиеро нашр кард, ки дар он аз бозгашти ҳамлагари 32-сола Неймар ба бошгоҳи кишвари Бразилия хабар дод.
Дар навори видеоӣ маҷмӯаи наворҳои лаҳзаҳои Неймар дар “Сантос” дида мешавад. Аввалан, футболбоз дар айёми наврасӣ бо бошгоҳ шартнома баст, сипас лаҳзаҳои Неймари ҷавон дар амал нишон дода мешаванд. Сипас нишон дода шудааст, ки чӣ гуна футболбози калонсол ба бошгоҳ бармегардад.
Тейшейра зери ин навор навиштааст: “Чун дирӯз ҳис мекардам, вақт хеле зуд мегузарад. Вакти аз нав навиштани таърихи мо расидааст. Ба хона баргардед! Мо шуморо бо оғӯши кушода интизорем».
Чанде пеш Неймар шартномаи ҳамкории хешро бо тими саудии «Ал-Ҳилол» қатъ намуда буд. Хабар дода шуда буд, ки футболбози 32-сола бо “Сантос” шартномаи шашмоҳа ба имзо мерасонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив