LIVE

Футболбози «Манчестер Сити» оиди забони муошират бо Хусанов ҳарф зад

Дифоъгари «Манчестер Сити»  Мануэл Аканҷи сухан кард, ки бо   Абдуқодир Хусанов бо кадом забон муошират мекунад.
“Ӯ мегӯяд, ки забони англисиро аз фаронсавӣ беҳтар мефаҳмад, аз ин рӯ ман бо ӯ бо забони англисӣ муошират мекунам. Фикр мекунам, ки ӯ сатҳи донистани забони англисии хешро такмил медиҳад - ин барои ҳимоятгарони марказӣ махсусан муҳим аст. Ӯ забони англисиро хуб мефаҳмад, аммо то ҳол фикрҳояшро баён карда наметавонад. Ҳама чиз ба зудӣ тағир хоҳад ёфт"- овардааст City Report аз суханони Аканҷӣ дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter).
Рӯзи 20-уми январ «Манчестер Сити» оиди гузариши дифоъгари “Ланс”-и Фаронса Абдуқодир Хусанов расман эълон карда буд.  Бо футболбози 20-солаи тими миллии Ӯзбекистон шартнома то тобистони соли 2029 ба имзо расида буд. Ҳамин тариқ, Хусанов дар таърихи Премер-лигаи Англия аввалин бозигари ӯзбек дониста шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив