LIVE

Оё Варан барои рафтанаш аз "Реал" афсус мехӯрад ё не?

Муҳофизатгари "Манчестер Юнайтед" - Рафаэл Варан дар бораи рафтанаш аз "Реал" афсус мехӯрад ё не, чунин назарашро баён намудааст.  Ёдовар мешавем, ки футболбози фаронсавӣ тобистони соли 2021 бо маблағи 40 миллион евро ба ҳайати "Манчестер Юнайтед" гузашт.
«Ман аз рафтанам пушаймон нестам. Барои ман ин як даъвати нав аст - идома додани фаъолият  ва расидан ба қуллаҳои мақсад, аз нав кашф кардани худ, тағйир додани ҳайат, барои кори нав буд. Дар макони бароҳат бароҳат мондан хоси ман нест, зеро ман мехоҳам, ки худро дар макони нав ҷустуҷӯ кунам.
Ман худро беҳтар ва беҳтар ҳис мекунам. Дар ибтидои мавсим ман каме мушкилот доштам, аммо ҳоло кор беҳтар мешавад. Ман худро торафт бештар осуда ҳис мекунам. Ҳоло ман низ каме бо забони англисӣ гап заданро сар кардам ва илова бар ин, бо ҳамдастони худ шинос шудам.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив