LIVE

Баъд аз Рамос Варан низ тарки "Реал" мекунад

“Манчестер Юнайтед” барои ҳимоятгари “Реал Мадрид” Рафаэл Варан пешниҳоди трансферӣ кардааст.
Клуби англисӣ барои фаронсавӣ 40 миллион евро пешниҳод кард. “Реал” ҳадди аққал 70 миллион евро талаб мекунад.
Хабар дода шуд, ки “Манчестер Юнайтед” ба харидории футболбози 28-солаи фаронсавӣ наздик аст, зеро тибқи қарордод шартномаи ҳимоятгар бо клуби мадриди як сол боқӣ мондааст. "Реал" омода аст аз ин футболбоз ҷудо шавад, то баъди як сол ӯ ройгон тарки даста накунад. 
Варан аз соли 2011 дар “Реал Мадрид” бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив