LIVE

Номаи хайрбодии Рафаэл Варан ба “Реал Мадрид”

Ҳимоятгари ҷадиди “Манчестер Юнайтед” - Рафаэл Варан баъд аз рафтанаш аз “Реал Мадрид”, ки дар он давоми 10 сол боз кард, назарашро баён намуд. 
"Чанд рӯзи охир бо эҳсосот ва гуфтаниҳои зиёде дорам, ки ҳоло мехоҳам бо шумо мубодила кунам. Пас аз 10 соли беҳтарин ва таърихии  дар “Реал Мадрид” будан, клубе, ки ҳамеша дар қалби ман хоҳад монд, рӯзи видоъ фаро расид.
Аз замони омадани ман дар соли 2011, интизориҳои зиёд зиёд доштем ва ба он чизе ноил шудам, ки ҳатто орзу карда наметавонистам. Ман мехоҳам ба ҳама мураббиҳо, ба ҳама касоне, ки дар клуб кор мекунанд ё кор мекарданд, барои ҳама корҳое, ки барои ман кардаанд, ташаккур гӯям.
Ташаккури зиёд ба ҳамаи мухлисони “Реал Мадрид”, ки ҳамеша ба ман муҳаббат мебахшиданд ва бо талабҳои баланди худ водор месохтанд, ки беҳтарин ҳунарамро нишон диҳам ва барои ҳар як ғалаба мубориза барам. Ман ифтихор дорам, ки  бо беҳтарин бозигарони ҷаҳон бозӣ кунам. Ман ҳеҷ гоҳ пирӯзиҳои бешуморро фаромӯш намекунам. Ман мефаҳмам, ки узви ин оила будам. 
Дар охир, ман мехоҳам ба ҳама испанҳо ва хусусан ба Мадрид, ки ду фарзанди ман дар он ҷо таваллуд шудаанд, ташаккур гӯям. Ин кишвар барои ман ҳамеша махсус хоҳад буд. Ин як сафари аҷибе буд. Ман бо он ҳиссиёт меравам, ки ҳама чизро додам. Ман дар ин ҳикоя чизе тағйир намедиҳам.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив