Сармураббии "Аякс" Эрик тен Хаг муддаии асосӣ барои сармураббии "Манчестер Юнайтед" ба ҳисоб меравад. Дар ин бора Sportsmail хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, мутахассис ба омӯзиши забони англисӣ шуруъ кардааст. Ӯ мехост, ки пеш аз ба Манчестер кӯчидан бо забони англисӣ шинос шавад. Илова бар ин, мураббӣ «Аякс»-ро хабар дод, ки пас аз анҷоми мавсим дастаро тарк мекунад.